Ссылки доступа

Амниятиҳои Русия дар Инстаграми Қодиров таҳдиде ба Касяновро пайдо накарданд


Идораи федералии амнияти Русия дар сабти видеоии президенти Чеченистон Рамзан Қодиров дар Инстаграмм таҳдиди қатли Михаил Касяновро ошкор накард.

Раҳбари ҳизби мухолифи ПАРНАС Михаил Касянов дар Фейсбуки худ посухи ИФА-ро (ФСБ) нашр кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки “навори зикршуда аломатҳои рафтори ғайриқонунӣ надорад”. “Чунин посухи ИФА ба ин маънист, ки... президенти ФР В.Путин аз чунин шакли муборизаи сиёсӣ бо ман ва иттиҳоди Демократии ПАРНАС ҳимоят мекунад”, - навиштааст Касянов.

Пештар вай ва муовинаш Владимир Кара-Мурзаи хурдӣ талаб карда буданд, ки бар зидди раҳбари Чечениистон барои нашри видеои Касянов “дар дохили нишони тирзанӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Ин навори видеоӣ “Касянов ба Страсбург барои пули мухолифони рус омад” ном дошт. Дар шарҳи ин навор Қодиров навишта буд: “Касе маро нафаҳмида бошад, баъд мефаҳмад!”

Мухолифон ин наворро “даъват ба қатл” унвон карда, нисбати Қодиров ба ИФА ва Кумитаи тафтишотӣ ариза навиштанд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ раҳбари Чеченистон дар суханрониҳояш борҳо мухолфиони русро “душмани халқ” ва “шағол” номида буд.

XS
SM
MD
LG