Ссылки доступа

Ба аҳолии Тоҷикистон муомилоти бонкиро меомӯзонанд (видео)


Бонки ҷаҳонӣ дар як назарпурсӣ муайян кардааст, ки 80% аҳолии Тоҷикистон маълумоти оддӣ дар бораи молия ва қарзҳоро надорад.

Сомони байналмилалии молӣ (IFC), ки узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аст, якҷо бо муассисаҳои молии Тоҷикистон барномаи фарогири омӯзиши молии аҳолӣ барои аз байн бурдани сатҳи пасти донишҳои молиро оғоз мекунад. Ин барнома ҳамчунин барои ҳалли нигарониҳо аз қарзҳои зиёд низ зарур аст.

Зикр мешавад, пажӯҳишҳои ахир дар арсаи донишҳои молӣ дар Тоҷикистон, ки аз сӯйи IFC анҷом шудааст, нишон медиҳанд, ки танҳо 40% пурсидашудагон тамоми даромади худро сарф карда ва танҳо ними дигарон пасандоз мекунанд. Ба ғайр аз ин, 83% аҳолӣ мафҳумҳои асосии бонкдориро наметавонанд шарҳ диҳанд, 90% дар бораи дафтари таърихи қарзҳо боре ҳам нашунидаанд ва танҳо 40% розӣ шуданд, ки ба чунин дафтарҳо иттилои заруриро фароҳам кунанд.

Барнома аз маводҳои омӯзишӣ дар бораи буҷаи хонадорӣ ва танзими пулҳои шахсӣ, қоидаҳои қарзгириии оқилона ва пешгирӣ аз қарздоршавии бузург, танзими пасандозҳо ва интиқолҳои пулӣ ва афзалияти ҳисоботҳои қарзӣ иборат аст.

XS
SM
MD
LG