Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон писари дувуми вакил Табаров боздошт шуд


Исхoка Табаров

Исхoка Табаров

Далер Табаров, писари дувуми вакили дифои тоҷик Исҳоқ Табаровро мақомоти қудратии Тоҷикистон боздошт карданд. Пештар аз ин Фирӯз Табаров, писари калонии ин вакили дифоъ бо айби фаъолиятҳо ва даъватҳои зидди ҳукуматӣ 13,5 сол зиндонӣ шуда буд.

Писари дувуми Исҳоқ Табаров бо айби "хабар надодан дар бораи ҷиноят ва ё пинҳон кардани он" боздошт шудааст. Ин ҷиноят ҷаримаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда (аз 20 то 40 ҳазор сомонӣ) ё то ду сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Исҳоқ Табаров бар ин назар аст, ки боздошти фарзанди дувумаш - фишори навбатӣ ба фаъолиятҳои вакилии ӯ аст.

Табаров манфиатҳои соҳибкори маъруфи тоҷик Зайд Саидовро, ки дар маҷмуъ ба 29 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум шудааст, ҳимоят мекунад.

Худи Зайд Саидов ва вакилонаш бар ин назаранд, ки ҳукумати Тоҷикистон баъди эълони таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистон нав" ин соҳибкорро "чап" гирифт.

Аз ибтидо ҳамроҳ бо Табаров вакилони дигар - Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров аз манфиатҳои Саидов ҳимоят мекарданд. Қудратов ва Зокиров низ зиндонӣ шуданд. Қудратов ҳоло адои ҷазо мекунад ва аз ҳаққи адвокатӣ маҳрум шудааст.

XS
SM
MD
LG