Ссылки доступа

Тазоҳуроти мухолифон дар Ҷалолободи Қирғизистон


Дар эътирозе, ки мухолифони Қирғизистон дар вилояти Ҷалолободи он кишвар баргузор карданд, 50 норозӣ ҷамъ омад. Дар ин гирдиҳамоӣ раиси пешини шаҳр Мақсад Жээнбеков ва раиси ҳизби "Эгемен Қирғизистон" Бектур Асанов суханронӣ карданд.

Пештар намояндагони мухолифин гуфта буданд, дар ин гирдиҳамоӣ то 2 ҳазор эътирозгар ҷамъ меояд.

Эътирозагрон аз ҳукумат пойин овардани пардохтҳои иҷтимоӣ, пардохти ҳаққи истифодаи барқ, бекор кардани қонун дар бораи суғуртаи ҳатмии манзил ва сода кардани сабти ҳуҷҷатҳои дарёфти кумакпулӣ барои кудаконро талаб мекунанд.

XS
SM
MD
LG