Ссылки доступа

Кумитаи дифоъ аз Матаев "қонуншиканиҳо"-ро фош намуд


Дар бинои Маркази миллии матбуотӣ дар Алмаато имрӯз нишасти хабарии кумитаи дифоъ аз Сейтқазӣ Матаев баргузор шуд. Ширкаткунандаҳо гуфтанд, ки Идораи зиддифасоди Қазоқистон зимни таҳқиқи парвандаи Матаев, раҳбари Маркази миллии матбуотӣ ва раиси Иттифоқи хабарнигорони Қазоқистон "қонуншиканӣ" мекунад.

Нишасти хабариро аъзои ин кумита, аз ҷумла раҳбари сандуқи "Адил Соз" Тамара Калеева, муҳаррири иҷроияи сандуқи "Барои озодии инсон" Жемис Турмагамбетова, раиси ширкати расонаҳои "Ак Жайик" Абдилда Мукашев ва ҳамчунин вакилони дифои Матаев - Андрей Петров ва Мадина Боқиева ташкил карданд. Ба эътиқоди намояндагони кумита, қонуншиканӣ аз он иборат аст, ки бозрасон талаб доранд сардабирони расонаҳое, ки барои бозпурсӣ даъват мешаванд, аз эълони ҷузъиёт хомуш бошанду дар ин бора забонхат имзо кунанд. Ҳамчунин бозрасон талош доранд аъзои оилаи Сейтқазӣ Матаевро низ пурсуҷӯ кунанд.

Вакилони Матаев мегӯянд, ба додситонӣ дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Талгат Татубаев, муовини раҳбари ниҳоди зидди фасод барои "эълони ҷузъиёти ин парванда дар расонаҳо" дархост кардаанд.

Вакилони дифоъ афзуданд, 13-уми март мӯҳлати тафтиши парвандаи ҷиноятии Матаев анҷом ёфтааст, аммо ба ҷониби дифоъ то ҳол санаде барои тамдиди мӯҳлати тафтиш нарасидааст. Ба гуфтаи вакилон, рӯзи шанбеи гузашта бозрасон талош кардаанд, ки Матаевро ба бозпурсӣ даъват кунанд, ҳарчанд вай аз вазъи саломатӣ ва баланд шудани фишори хунаш шикоят мекард.

Кумитаи дифоъ ҳамчунин баёнияи матбуотиеро пахш кард, ки дар он вакили собиқи порлумони Олмон Виола фон Крамон изҳор доштааст агар таъқиби ҷиноятии Сейтқазӣ Матаев қатъ нашавад, ҳайатҳои аврупоӣ аз ширкат дар намоишгоҳи EXPO-2017 дар Остона худдорӣ мекунанд. Фон Крамон ин тасмимро дар мусоҳиба бо Deutche Welle эълон кардааст. Ҳамчунин аз қатъномаи порлумони Иттиҳоди Аврупо дар бораи вазъи озодии баён дар Қазоқистон ёдоварӣ шуд, ки онро 10 март 156 вакили порлумонӣ ва 7 ҷиноҳ имзо кардаанд. Дар ин қатънома порлумони Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Қазоқистон талаб кардааст, ки таъқиби хабарнигоронро қатъ кунанд ва дар ин робита ба парвандаи Сейтқазӣ Матаев ишора шудааст. Мақомот Матаевро дар дуздии маблағҳои давлатӣ ва сарпечӣ аз пардохти андозҳо айбдор мекунанд. Аз 24-уми феврал Матаев дар ҳабси хонагӣ аст.

XS
SM
MD
LG