Ссылки доступа

Аризаи Касянов ба Чеченистон фиристода шуд


Пештар ба аризаи Касянов Идораи федералии амниятӣ (ИФА) посух дода буд. Амниятиҳо бар инанд, ки дар навори видеоии пахшкардаи раҳбари Чеченистон дар Instagram "аломатҳои рафтори ғайриқонунӣ" дида намешавад.

Кумитаи тафтишотии Русия аризаи раҳбари ҳизби ПАРНАС Михаил Касяновро барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар робита ба пахши ин навор дар Instagram ба бахши тафтишотии ҷумҳурӣ ирсол кард. Дар ин бора дар Твиттер муовини раҳбари ҳизб Владимир Кара-Мурзаи хурдӣ хабар дод.

Дар навори видеоӣ, ки онро Рамзан Қодиров 31 январ дар Instagram гузоштааст, Михаил Касянов ва Владимир Кара-Мурзаи хурдӣ дар дурбини нишонгирӣ инъикос шудаанд. Зери ин акс навиштаҷоте гузошта шудааст: "Касянов ба Страсбург барои пули мухолифони рус омад. Касе нафаҳмида бошад, мефаҳмад!"

Мухолифон ин иқдомро даъват ба қатл арзёбӣ карда, ба ИФА ва Кумитаи тафтишотии Русия муроҷиат карданд. Дирӯз Касянов хабар дод, ки аз ИФА посух дарёфт кардааст. Ба эътиқоди маъмурони ин ниҳод, дар навори пахшкардаи раҳбари Чеченистон "аломатҳои рафтори ғайриқонунӣ дида намешавад".

XS
SM
MD
LG