Ссылки доступа

Дар Женева даври нави гуфтушуниди Сурия шурӯъ мешавад


Рӯзи душанбе дар Женева марҳилаи нави музокироти сулҳи Сурия шурӯъ мешавад. Намояндаи махсуси СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура марҳилаи нави гуфтушунидро ҳамчун "оғози музокироти ҷиддии сулҳ" унвон кард.

Ин дар ҳолест, ки раҳбари ВКХ Фаронса Жан-Марк Эйро ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ изҳороти намояндаҳои Димишқ дар бораи худдорӣ аз баррасии мушкили интихоботи ояндаи президентӣ дар Сурияро иғвогарона номиданд. Эйро ва Ҷон Керрӣ аз Русия ва Эрон хостанд, ки Башор Асадро дар қатъи суистифода аз оташбас ба манфиати режими суриягӣ мутақоид созанд.

Оташбас дар Сурия аз 27-уми феврал риоя мешавад. Шароити оташбас ба гурӯҳҳои дар Русия ва бархе аз кишварҳои дигар мамнӯи "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат ан-Нусра" дахл надорад.

Рӯзи якшанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ифротгароёни исломӣ, ки аз Сурия ихроҷ мешаванд, барои худ дар Либӣ, Яман ва Афғонистон ҷойгаҳ пайдо мекунанд.

XS
SM
MD
LG