Ссылки доступа

Дар Белорус шарики собиқи Лукашенко боздошт шуд


Мақомоти Белорус тоҷири машҳури кишвар Юрий Чижро ба гумони сарпечӣ аз пардохти андозҳо боздошт карданд. Дар гузашта вай мушовири президент Александр Лукашенко буд, аммо моҳҳои ахир нохушоянд шудааст.

Дар сурати тасдиқи айби Чиж, вай метавонад то ба ҳафт соли зиндон маҳкум шавад. Ба гуфтаи намояндаи кумитаи амнияти давлатии Белорус Дмитрий Побяржин, тоҷир, ки молики ширкати Triple мебошад, дар боздоштгоҳи ин ниҳод қарор дорад.

Дар соли 2012 ин тоҷир ба рӯйхати нафарон ва ширкатҳое шомил буд, ки ба онҳо таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо дар робита ба вайрон кардани ҳуқуқи инсон дар кишвар дахл дошт. Дар моҳи феврал таҳримҳои панҷсола бекор карда шуданд. Иттиҳоди Аврупо ин тасмими худро ҳамчун вокуниш ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар маънидод кард.

XS
SM
MD
LG