Ширкати "Ма-На Строй" - пудратчии сохтмон маоши думоҳаи коргаронро напардохтааст ва муҳоҷирон аз тарси ин ки бе маош хоҳанд монд, корпартоӣ кардаанд.
"Тибқи шартнома, пудратчӣ метавонад танҳо то 30 рӯз маоши моро нигаҳ дорад. Аз ҳамин хотир мо шуруъ аз ин моҳ коршиканӣ кардем. 9 рӯз аст, ки бе кор нишастаем. Мо наздики 250 ӯзбек ва 10-15 тоҷик ҳастем... Ба ҳар сурат ин лоиҳаи сатҳи ҷаҳонӣ аст", - гуфтааст як муҳоҷир бо исми Улуғбек ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ.
Бино бар бовари муҳоҷирон, сабаби напардохтани маоши онҳо буҳрони моливу иқтисодӣ дар Русия аст.