Ссылки доступа

Ошӯби донишҷӯён дар донишгоҳи Тбилисӣ


Баъд аз даргирӣ бо посбонҳои Донишгоҳи давлатии Тбилисӣ даҳҳо донишҷӯ ба утоқи кории раиси он, академик Владимир Папава ворид шуда, изҳор доштанд, ки то ректор ба истеъфо наравад, утоқро тарк намекунанд.

Ин ҳодиса фарҷоми эътирози чандрӯзаи донишҷӯён шуд, ки мухолифи интихоби эҳтимолии корманди донишгоҳ Георгий Гаприндашвили ба вазифаи садри аъзами он буданд. Донишҷӯён гумон доранд, ки Гаприндашвили корманди махфии ниҳодҳои амниятии Гурҷистон аст.

Онҳо иддао доранд, ки ниҳодҳои амниятӣ бо чунин ҷосусҳои худ дар миёни раҳбарияти донишгоҳ ва ниҳодҳои донишҷӯӣ талош доранд, ки вазъият дар донишгоҳи асосии кишварро назорат кунанд.

Шаби сешанбе пас аз занозанӣ дар саҳни ҳавлии Донишгоҳи Тбилисӣ миёни ҷонибдорон ва мухолифони ректор Георгий Гаприндашвилӣ барои пешгирӣ аз ташаннуҷи вазъ номзадиашро бозпас гирифт. Аммо раиси донишгоҳ бо баҳонаи зарурати “таъмини суботи таҳсил” аз истеъфо худдорӣ кард. Баъд аз чанд соати ишғоли утоқи кории ректор аз тарафи донишҷӯён, ба онҳо ваъда доданд, ки талабҳояшон баррасӣ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG