Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон никоҳи хешовандӣ ва номҳои “бегона” манъ шуданд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи ворид кардани тағйиру ислоҳҳо ба кодекси оиларо имзо кард. Тибқи ин дигаргунӣ дар кишвар бастани никоҳ миёни хешовандон ва номҳои “барои фарҳанги миллии тоҷикон бегона” манъ мешаванд.

Издивоҷи хешовандон дар Тоҷикистон расман манъ шуд. Ҷавонон пеш аз никоҳ вазифадоранд маҷбурӣ аз санҷиши тиббӣ гузаранд. Бародарзодаҳо ва хоҳарзодаҳо – писарон ва духтарони холаву амак ва ҳамчунин бародархондҳо ва хоҳархондҳо наметавонанд, ҳамсар шаванд. Аъзои порлумони кишвар, ки дар миёнаи моҳи январ тағйиротро қабул карданд, ба далели мутахассисон такия карданд, ки таваллуди кӯдакони маъю аз никоҳҳои миёни хешовандон зиёд шудааст.

Бо ислоҳи ин кодекс ҳамчунин ба кӯдакон додани номи “барои фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандаҳо, ки эътибор ва ғурури инсонро паст мекунанду миёни мардум тафриқандозӣ месозанд” манъ шуд. Аз ҷумла, изофа кардани калимаҳои “мулло”, “шайх”, “тӯра”, “хон” ва ғайра ба номҳо манъ карда шуд.

Дар аввали соли ҷорӣ Кумитаи забон ва истилоҳотшиносии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикиро таҳия кард. Акнун ба ҳамаи навзодони тоҷик аз ин рӯйхат ном гузошта мешавад. Аммо қонун иҷоза медиҳад, ки ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон тибқи фарҳанги миллии худ ба навзодон ном гузоранд.

XS
SM
MD
LG