Ссылки доступа

Паҳлавонҳои қирғиз барои роҳхатҳо озими Остона мешаванд


Имрӯз варзишгарони қирғиз дар намуди гӯштигирии занона, озод ва юнониву румӣ барои соҳиб шудан ба роҳхатҳои бозиҳои Олимпиии соли 2016 озими Остона мешаванд.

Мусобиқаи интихобии осиёгӣ аз 18 то 20 март дар Остона баргузор мешавад. Варзишгароне, ки ба даври ниҳоии ин мусобиқа мерасанд, соҳиби роҳхати бозиҳои олимпӣ мешаванд. Ҳамагӣ 36 варзишгар соҳиби роҳхат шуда метавонанд.

Ёдовар мешавем, то ҳол варзишгарони қирғиз 4 роҳхати бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейраро соҳиб шудаанд.

XS
SM
MD
LG