Ссылки доступа

Амал Клунӣ: Хадича Исмоиловаро озод хоҳам кард!


Амал Клунӣ, вакили дифои машҳури байналмилалӣ, ки ахиран ба тими ҳимоятгарони Исмоилова барои пуштибониаш дар додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон пайваст, гуфт: "Ман то замоне барои хабарнигори озарбойҷонӣ мубориза мебарам, ки вай озод шавад!"

Клунӣ зикр кард, ки парвандаи хабарнигор ангезаи сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи вай, ин парванда барои он сохта шудааст, ки аз таҳқиқи ҳолатҳои фасодкории вобаста ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва аъзои оилааш пешгирӣ шавад.

"Ман ба ин боварам, ки бояд аз хабарнигори алоҳида ҳимоят кард, зеро тамоми як ҳуукмат зидди вай мубориза мебарад. Ҳукумат аз қудрат сӯистифода мекунад, то хабарнигороне ба мисли Хадича, ки аз режими ҳукмрон интиқод мекунанд, хомӯш шаванд", - афзуд вай.

Хадича Исмоилова бо таҳқиқотҳои журналистиаш машҳур аст. Дар моҳи декабри соли 2014 вай дар Боку бо айбе боздошт шуд, ки ҷонибдоронаш онро сиёсӣ медонанд. Дар моҳи сентябри соли гузашта додгоҳи Боку ӯро ҳафту ним сол зиндонӣ кард.

XS
SM
MD
LG