Ссылки доступа

Сафари раиси парлумони Ҷумҳурии Чех ба Қирғизистон


Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Чех бо раҳбарии раиси Палатаи вакилон Ян Ҳамачек бо даъвати маҷлиси қонунгузори Қирғизистон меҳмони Бишкек аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии парлумон хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳайати чехӣ 16-17-уми март бо раҳбарони Қирғизистон мулоқот карда, ҳамчунин дар ҳамоиши тиҷоратии ду ҷониб ширкат мекунад. Ин ҳамоиш ба ибтикори Палатаи тиҷоративу саноатӣ ва вазорати иқтисоди Қирғизистон баргузор мешавад.

Раиси парлумони Чех ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳе бахшида ба 90-мин солгарди таъсиси ширкати чехии "Интергелпо" дар Қирғизистон ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG