Ссылки доступа

Дар Остона баҳсҳои интихоботии ҳизбҳо шурӯъ шуд


Дар "Казмедиасентр"-и Остона имрӯз баҳсҳои телевизионӣ бо ширкати намояндаҳои ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонӣ ширкат мекунанд, идома дорад. Аммо ба хабарнигоронро иҷоза надоданд, вориди утоқи баҳс шаванд. Намояндаҳои расонаҳо аз ин баҳсҳо аз утоқи ҷудогонае назорат мекунанд.

Дар ин баҳсҳо намояндагони шаш ҳизб ширкат доранд. Ҳизби президентии "Нур Отан"-ро муовини раиси ҳизб Аскар Мирзахметов, ҳизби "Ак жол"-ро раиси он Азат Перуашев, ҳизби "Ауил"-ро раҳбари он Алӣ Бектаев, ҳизби "Бирлиқ"-ро номзади порлумонӣ Роза Куанишбоева, Ҳизби мардумии коммунистиро вакили собиқи порлумон Владислав Косарев намояндагӣ мекунанд. Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократиро, ки худро мухолиф медонад, номзад ба вакилӣ Заруеш Батталов муаррифӣ мекунад.

Баҳсҳо аз се қисм иборат аст. Дар қисмати аввал ширкаткунандаҳо бояд назари худро дар робита ба бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ баён кунанд. Қисмати дувум аз саволу ҷавоб иборат аст. Бахши севум ба рушди зарфияти нақлиётии Қазоқистон бахшида шудааст. Ширкаткунандаҳои баҳсҳо огоҳонида шудаанд, ки дар сурати дур рафтан аз мавзӯъ, микрофони онҳо хомӯш карда мешавад.

Пештар Комиссияи марказии интихоботӣ хабар дода буд, ки баҳсҳои телевизионӣ шоми 16 март тавассути шабакаи давлатии телевизионии "Хабар" намоиш дода мешавад.

Интихоботи пеш аз мӯҳлат ба маҷлиси парлумони Қазоқистон рӯзи якшанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG