Ссылки доступа

Дар Брюссел гумонбари терроризм кушта шуд


Мақомоти Белгия хабар медиҳанд, ки кормандони пулис ҳангоми ҷустуҷӯи Салоҳ Абдусалом, гумонбари асосии таркишҳои моҳи ноябри Порис зери тирборон монданд. Пулис дар канораи шаҳри Бреюссел Абдисаломро меҷӯст, "як ё чанд нафар якбора аз дохили манзиле, ки пулис дари онро боз мекард, тир кушоданд".

Пулис баъди панҷ соат дохили он манзил шуд ва гумонбарро, ки бо силоҳи Калашников мусаллаҳ буд, кушт. Чаҳор пулис дар ин ҷустуҷӯ, ки созмондиҳандаи таркишҳои Порисро мекофтанд, маҷруҳ шуданд. Дар моҳи ноябри соли гузашта дар пайи силсилаи ҳамлаҳо дар Порис 130 нафар кушта шуд. Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" масъулияти он ҳамлаҳоро ба душ гирифт.

Салоҳ Абдусалом, гумонбари асосии ҳамлаҳои Порис зери ва ҳамдасташ Муҳаммад Абринӣ, ки ҳар ду дар минтақаи Молинбик дар шаҳри Брюссел истиқомат мекарданд, ҳанӯз дар озодӣ ҳастанд. Пештар аз ин дар Белгия дар робита ба ҳамлаҳои Порис 11 нафар зиндонӣ шуд ва 8 нафари дигар интизори ҳукми додгоҳ аст.

XS
SM
MD
LG