Ссылки доступа

Дар маркази Душанбе як мошини «Opel» сӯхт (видео)


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди таркиши мошини навъи «Opel»-ро дар хиёбони Айнӣ рад кард. Вазорат мегӯяд, мошин дар пайи расиши кутоҳи ноқилҳояш оташ гирифтааст.

Ба иттилои вазорат: "Автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами давлатиаш 84-10 СА 01 ТЧ, ки ба ронанда Шарифов Баҳодур, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Клара Сеткинаи шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, бо сабабҳои риоя накардани бехатарии техникӣ, аз ҳисоби ноқилҳои барқӣ муҳаррики он оташ гирифта, боиси сар задани сӯхтор гардидааст. Дар натиҷа автомашинаи мазкур зарари ночиз гирифта, ягон нафар осеб ва зарари ҷисмонӣ набардоштааст."

Баҳодур Шарифов, ронандаи мошин таркида дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки худи ӯ сабаби ин ҳодисаро намедонад.

"Мошинро хомӯш карда будам. Вақте корҳоро буд карда, омадам, чунин ҳодиса шудааст",- гуфт вай.

XS
SM
MD
LG