Ссылки доступа

Русия воридоти анор ва қаламфури туркиро манъ кард


Шуруъ аз имрӯз Русия ба воридоти маҳсулоти хоҷагии деҳоти Туркия маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард. Росселхознадзор - идораи назоратии Русия дар бахши ҳайвоноту меваҷот мегӯяд, маҳдудияти нав ба таҳримҳо рабт надорад.

Ба иттилои ин ниҳод, маҳдудияти воридоти анор ва қаламфури ширин на танҳо мустақиман аз Туркия, балки тавассути кишвари севум ҳам манъ аст.

Россельхознадзор мегӯяд, аз Туркия мудовим маҳсулоте ворид мешавад, ки мубталои ҳашароти заррарасон ҳастанд.

Муносиботи Туркияву Русия баъди сарнагун кардани ҳавопаймои бомбаандози русии Су-24 дар моҳи ноябри соли гузашта бад гардид.

Русия сар аз 1 январи соли 2016 зидди Туркия таҳрим ҷорӣ кард. Воридоти чанд навъи ғизо он замон манъ шуда буд. Афлесун, мандарин, ангур, себ, нок, зардолу, шафтолу, олуболу, қулфинай, помидор, бодиринг, пиёз ва гулкарам дар ин рӯйхатанд.

XS
SM
MD
LG