Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон ёди қурбониёни Оқсойро гиромӣ дошт


Дар Қирғизистон хотираи эътирозгарони 14-соли пешро, ки аз сӯи пулис кушта шуданд, гиромӣ доштанд.

Дар деҳаи Бозпиеки ноҳияи Оқсои Қирғизистон бахши ба ёдбуди фоҷиаи соли 2002 чорабиние баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, сардорони мақомоти давлатӣ ва 500 сокинӣ маҳаллӣ ширкат доштанд.

Ба гуфтаи президент, сокинони Оқсой ҷонашонро дар хатар гузошта, барои озодӣ ва ояндаи мардум мубориза бурданд. Ин ҳодиса барои озодии Қирғизистон замина гузошт, гуфтааст президент.

Сокинони деҳа гуфтанд, то кунун ба ин ҳодисаҳо баҳои сиёсӣ дода нашудааст.

17 марти соли 2002 сокинони деҳа ба кӯча баромада, озодии Азимбек Бекназаровро талаб карданд. Бекназаров барои "дар масъалаи замин ба Чин гузашт кардан" Аскар Оқоев, президенти вақти Қирғизистонро танқид мекард. Дар мавзеи Бозпиеки ноҳияи Оқсой пулис бо эътирозгарон бархурд кард.

Пулис сӯи мардум тир кушод. Тибқи бархе сарчашмаҳо, 30 эътирозгар тир хӯрд ва 5 нафар кушта шуд. Бештар аз 100 нафари дигар лату кӯб шуданд. Баъди ин ҳодиса наздики 50 нафар маъюб гардиданд.

XS
SM
MD
LG