Ссылки доступа

Қазоқистон фурӯши нерӯи барқро ба Русия дубора оғоз кард


Қазоқистон имрӯз содироти нерӯи барқ ба Русияро аз сар гирифт, хабар медиҳад ширкати “Самрук-Энерго”. Содироти нерӯи барқ дар моҳи ноябри соли 2014 дар пайи пойин рафтани қурби рубли русӣ дар нисбати танга қатъ шуда буд.

“Аз 17-уми марти соли 2016 чархаи дувуми корхонаи “Нерӯгоҳи барқи Экибастуз-2” фаъол шуд ва содироти нерӯи барқи Қазоқистон ба шабакаи энергетикии Русия шурӯъ шуд”, - омадааст дар баёнияи матбуотии “Самрук-Энерго”. Ними саҳмияҳои нерӯгоҳи “Экибастуз-2”ба ширкати русии “Интер РАО ЕЭС” тааллуқ дорад. Тибқи иттилои ин баёния, интизор меравад, дар соли ҷорӣ ба Русия 1,8 миллиард киловат-соат нерӯи барқ содир карда шавад, ки ба нишондиҳандаи соли 2014 баробар аст.

Пештар кумитаи танзими фаъолияти ширкатҳои зербиноӣ ва ҳимояи рақобати вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон ба нерӯгоҳи ҳароратии Экибастуз-2 иҷоза дода буд, ки содироти нерӯи барқро ба Русия тибқи “нархномаи муваққатии коҳишёфта” анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG