Ссылки доступа

Кушандагони Немтсовро занги телефонӣ ошкор сохтааст


Борис Немтсов шаби 28-уми феврали соли 2015 кушта шуд. Баъд аз ду рӯзи қатл яке аз гумонбарони ин ҷиноят Анзор Губашев ба Ингушистон занг зад.

Занги кӯтоҳи Анзор Губашев ба Ингушистон ба муфаттишон имкон дод гумонбарони қатли Борис Немтсовро ошкор ва боздошт кунанд. Дар ин бора “Коммерсант” ба нақл аз як манбаи наздик ба раванди тафтишот хабар додааст.

Дарҳол пас аз куштор ҳамаи телефонҳои дар маҳалли ҷиноят фаъол тафтиш шудаанд. Бозрасон ба он таваҷҷӯҳ карданд, ки бархе аз шумораҳо то замони қатл хеле фаъол буда, баъд аз ҷиноят якбора хомӯш шудаанд. Соҳибони ин шумораҳои телефонҳои мобилиро муайян карда натавонистанд, зеро сим-кортҳо ба номи дигарон харидорӣ шудаанд. Аммо баъд аз ду рӯзи воқеа яке аз телефонҳо ба кор даромад, зеро Анзор Губашев ба Ингушистон занг зад. Омӯзиши тамосҳои телефонӣ ва муқоиса бо наворҳои видеоии дурбинҳои назоратӣ шахсияти чаҳор гумонбари дигари қатли сиёсатмадорро фош намуд.

Борис Немтсов шаби 28-уми феврали соли 2015 кушта шуд. Панҷ гумонбар боздошт шуданд. Тафтишот бар ин аст, ки собиқ сарбози баталони “Север”-и ВКД Чеченистон Руслан Муҳудинов фармоишгар ва ташкилотчии ин ҷиноят аст. Хешовандон ва ҳамтоёни Немтсов пофишорӣ доранд, ки раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар ин қатл даст дорад.

XS
SM
MD
LG