Ссылки доступа

Ҳомии ҳуқуқи Русияро дар Грозний латукӯб карданд


Ҳуқуқшиноси шинохтаи Русияро дар пойтахти Чеченистон мардони ниқобдор лату кӯб карданд. Ин мардон сӯи ҳомии ҳуқуқ тухм партофтанд, лату кӯб карданд, дар сару рӯяш ранг рехтанд ва сӯяш торт ё кулчақанд партофтанд.

Игор Каляпин, раиси Кумитаи пешгирӣ аз шиканҷа ба ҳайси нозири муҳокимаи парвандаи ду украинӣ, ки барои ширкат дар амалиёти ҷангии зидди Русия дар соли 1996 айбдор мешаванд, ба Чеченистон омада буд.

Шаби 16 март мудири меҳмонхона бо мардони мусаллаҳ ҳозир шуда, фармон дод, ки Каляпин меҳмонхонаро тарк кунад. Дар кӯча ба ӯ як гуруҳи иборат аз 15 нафари ниқобдор ҳамла кард. Ба иттилои хабарнигори Centralasian.org, сӯи Каляпин тухм, "зеленка" ва кулчақанд (торт) ҳаво дода, баъдан лату кӯб кардаанд. Вай ҷароҳати вазнин набардоштааст.

Як ҳафта пеш аз ин ҳодиса дар роҳ ба сӯи Грозний ба микроавтобуси Кумитаи пешгирии шиканҷа, ки ҳомили фаъолону рӯзноманигорон буд, ҳамла шуд. Ҷинояткорони ношинос бо корд ва чӯбдастҳо мусаллаҳ буданд. Дар ин ҳамла қисме аз дастгоҳҳои рӯзноманигорон дуздида ё шикаста шуданд.

XS
SM
MD
LG