Ссылки доступа

Сокинони Ӯзбекистон -- хушбахтарин дар ИДМ ва Тоҷикистон дар охири рӯйхат


“Феҳрасти ҷаҳонии хушбахтӣ” нашр шуд ва дар ин рӯйхат ҷойгоҳҳои аввалро кишварҳои скандинавӣ гирифтаанд. Хушбахтарин кишвари ИДМ дар ҷойи 49 қарор гирифтааст.

СММ “Феҳрасти хушбахтӣ” – гузориш дар бораи хушбахтӣ ва қаноатмандии сокинони сайёраро нашр кард. Ба арзёбии муаллифон, хушбахтарин мардум дар миёни 156 кишвари баррасишуда, дар Дания зиндагӣ мекардаанд. Сипас дар ин рӯйхат швейтсариягиҳо, исландиҳо, норвегиҳо, финниҳо ва дигарон ҷой гирифтаанд.

Ба гунаи соли гузашта хушбахтарин мардум дар фазои пасошӯравӣ дар Ӯзбекистон будаанд – ин кишвар ҷойи 49-умро ишғол кардааст. Сипас дар ин рӯйхат Қазоқистон (54) ва баъд аз он Молдова (55) ва Русия (56) қарор гирифтаанд. Каме пойинтар дар мавқеи 61 Белорус ва баъд аз ин кишвар Туркманистон (65) воқеъ мебошанд. Озарбойҷон ҷойгоҳи 81 дар ин феҳрастро гирифтааст, Қирғизистон дар ҷойи 85 аства Тоҷикистон дар ҷойи 100.

Таҳиякунандаҳои феҳраст хусусиятҳои воқеӣ (пеш аз ҳама сатҳи зиндагӣ дар кишвар ва рушди тандурустӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ дар он) ва хусусӣ, арзёбии манфӣ ва мусбати сокинонро ба инобат гирифтаанд. Дар миёни ин арзёбиҳо ҳадафи зиндагии ин мардум, имкони тасмимгирӣ ва шакли зиндагии дилхосташон ва ҳамчунин амалкарди мақомот дар кишвар (сатҳи фасод) ҳастанд.

XS
SM
MD
LG