Ссылки доступа

Дар Қазоқистон "ахтаи кимиёвии педофилҳо" қабул шуд


Порлумони Қазоқистон лоиҳаи қонун "Дар бораи тағйироту иловаҳо ба бархе аз қонунҳои Қазоқистон дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон"-ро қабул кард. Яке аз иловаҳо "ахтаи маҷбурии кимиёвии" онҳоеро, ки ба атфоли ноболиғ дастдарозӣ мекунанд, дар назар дорад.

Дар моҳи октябри соли гузашта додситонии кулли он кишвар ахтаи кимиёвии афродеро, ки ба педофилӣ айбдор мешаванд, пешниҳод карда буд.

Ба гуфтаи вакили палатаи болоии порлумони Қазоқистон Бирганим Айтимова, ахтаи кимиёвӣ - ин доругузаронии якдафъаина буда, барои "ҳушдори афрод аз хушунати ҷинсӣ" ҳатмӣ аст. "Ин маънои онро надорад, ки бо тазриқи якдафъаина одам метавонад тамоми умр дар ҳолати ахта боқӣ монад. Комилан чунин нест. Ва танҳо бо қарори додгоҳ мумкин аст педофилҳоро ахта кард", - гуфтааст ин вакил.

XS
SM
MD
LG