Ссылки доступа

Бишкек: Ӯзбекистон дар минтақаи баҳсии марз техникаи низомӣ гузоштааст


Ба иттилои идораи марзбонии Қирғизистон, дар минтақаи баҳсии марзи миёни ин кишвар ва Ӯзбекистон, низомиёни ӯзбек субҳи имрӯз ду зиреҳпӯш ё БТР ва ду мошини боркаши низомии КамАз-ро гузоштаанд.

Ба иттилои марзбонони қирғиз, дар минтақаи Моғоли ноҳияи Ала-Букаи вилояти Ҷалолобод даҳҳо низомиёни Ӯзбекистон қарор доранд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки тақрибан соати 9-и субҳ ба ибтикори ҷониби Қирғизистон дар минтақаи Моғол гуфтушуниди намояндаҳои идораҳои марзбонии Қирғизистон ва Ӯзбекистон оғоз шуд.

Хабар дода шудааст, ки Ӯзбекистон ба таври якҷониба фаъолияти гузаргоҳи марзии “Маданият-автодорожний”-ро қатъ кардааст. Ҳамчунин дар чанд гузаргоҳи дигар убур аз марз маҳдуд шудааст.

Сокинони деҳаҳои наздимарзӣ хабар медиҳанд, ки ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ дар ҷазирақаламрави Сухи вилояти Ботканди Қирғизистон комилан баста шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, аз субҳи имрӯз ҳаракат ба самти Ӯзбекистон аз қаламрави Қирғизистон низ манъ шудааст. Дар ҳукумати вилояти Ботканд ин хабарро тасдиқ карданд. Ҳукумати Ботканд мегӯяд, ин масъала баррасӣ шуда, интизор меравад, то охир рӯз ҳаракати транзитӣ эҳё гардад.

XS
SM
MD
LG