Ссылки доступа

Барак Обама: сарнавишти Кубаро сокинонаш муайян мекунанд


Бо вуҷуди ихтилофҳо дар ҳалли масъалаҳои демократия ва риояи ҳуқуқи инсон Иёлоти Муттаҳида ва Куба дар густариши ҳамкориҳо бо ҳам манфиатдоранд.

Дар ин бора президенти ИМА Барак Обама ва раҳбари Шӯрои давлатии Куба Раул Кастро дар нишасти матбуотии муштарак баъд аз гуфтушунидҳои раҳбарони ду кишвар изҳори назар карданд. Обама дар суханронии худ зикр кард, ки робитаҳои миёни кишварҳо “дар як шаб тағйир ёфта наметавонад”. Вай гуфт, ки ояндаи Кубаро бояд сокинони ин кишвар муайян кунанд. Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, ки ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии баён ва баргузории маҷлисҳо “арзишҳои умумӣ” ҳастанд.

Ба иттилои расида, дар остонаи сафари президенти ИМА даҳҳо мухолифи кубагӣ боздошт шудаанд. Кастро дар суханронии худ низ ба тавсеаи робитаҳои тиҷоратии миёни кишварҳо даъват кард. Вай аз Конгресси ИМА хост, ки таҳримҳои тиҷоратии нимасраро бекор кунад. Ҳамчунин аз ИМА дархост шуд, ки ҳудуди пойгоҳи низомиву баҳрии амрикоии Гуантанамаро ба Куба баргардонад.

XS
SM
MD
LG