Ссылки доступа

Натиҷаҳои пешакии интихоботи Қазоқистон эълон шуданд


Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон натиҷаҳои аввалияи интихоботи ғайринавбатӣ ба парлумони он кишварро эълон кард.

Бино бар иттилои ин комиссия, ба ҷонибдорӣ аз ҳизби президентии "Нур Отан" 82,15 дарсад, аз Ҳизби Коммунистии Халқии Қазоқистон (ҲКХҚ) - 7,14 дарсад, аз ҳизби "Ак жол" - 7,18 фоиз, аз ҳизби "Бирлик" - 0,29 дарсад, аз Ҳизби умумимилии иҷтимоиву демократӣ (ҲУИД) - 1,8 дарсад ва аз ҳизби "Ауил" - 2 дарсади интиходкунандагон овоз додаанд.

Садди 7-дарсадиро, ки имкони вуруд ба парлумонро таъмин мекунад, танҳо ҳизби "Нур Отан", "Ак жол" ва ҲКХК убур кардаанд. Натиҷаҳои ниҳоии раъйдиҳӣ на дертар аз 26 март эълон хоҳанд шуд.

Нозирони Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА норасоиҳои ҷиддиро дар рафти интихоботи парлумонии Қазоқистон мушоҳида кардааст. Маҳдудшавии ҳуқуқҳои бунёдии сиёсии шаҳрвандон, набуди интихоби сиёсии воқеӣ барои шаҳрвандон, набуди гуногунандешӣ аз камбудиҳои ҷиддии интихоботи Қазоқистон будааст.

Нозирон ҳамчунин гуфтаанд, бояд низоми интихоботии Қазоқистон ислоҳ карда шавад.

XS
SM
MD
LG