Ссылки доступа

Қирғизистону Ӯзбекистон низомиёнро аз қитъаи баҳсӣ дур мебаранд


Қирғизистону Ӯзбекистон теъдоди низомиёнеро, ки ба қитъаи баҳсии марз оварда шудаанд, кам карданд, хабар медиҳад бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи Раимбердӣ Дуйшембиев, раиси хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон дар роҳи мошингарди Кербен - Ала-Бука, ки аз қитъаи баҳсии марзӣ дар наздикии Чала-Сарт мегузарад, низомиён ҳанӯз истодаанд.

"Дирӯз дар натиҷаи гуфтушунид қарор ин шуд, ки теъдоди низомиёнро кам кунем. Агар то ин замон 20 низомӣ буд, ҳоло ба 8 адад расидааст", - хабар дод Дуйшембиев.

Дар минтақаи Чала-Сарти ноҳияи Оқсой шоми 18 март ҷониби Ӯзбекистон техникаи ҳарбӣ ва наздики 40 низомиашро ҷойгир кард. Қирғизистон ҳам ба ҳамин теъдод низомӣ ва ду зиреҳпӯш ё БТР ба ин минтақа фиристод.

XS
SM
MD
LG