Ссылки доступа

Надежда Савченко ҳукми додгоҳро эътироф нахоҳад кард


Имрӯз дар додгоҳи шаҳрии Донетски вилояти Ростови Русия қироати ҳукми низомии украинӣ Надежда Савченко, ки дар ҳамдастӣ дар куштори ду хабарнигори рус дар соли 2014 айбдор мешавад, идома мекунад. Ахиран додгоҳ қисме аз парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла, нишондоди шоҳидон ва натиҷаҳои ташхиси судиро қироат кард.

Дар рафти қироати ҳукм судя ба қисми асосии айбнома розӣ шуд ва гуфт, Савченко аз рӯи адовату бадбинӣ ду рӯзноманигори русро куштааст ва ғайриқонунӣ марзи Русияро гузаштааст. Пештар аз ин ҷониби айбдоркунанда барои ин низомии украинӣ 23 соли зиндон талаб карда буд.

Вакилони Савченко мегӯянд, вай ҳукми додгоҳро нахоҳад пазируфт. "Ҳукми додгоҳ барои вай беаҳамият аст, Савченко бар ин аст, ки ҳукм ба адолати додгоҳӣ рабте надорад. Савченко мегӯяд, ҳукмро эътироф намекунад ва аз болои он шикоят ҳам нахоҳад бурд", - гуфт вакили дифои Савченко Николай Полозов ба рӯзноманигорон. Ба гуфтаи ин вакил, нафари зери ҳимояаш баъди қироати ҳукм ба гуруснашинии хушк даст мезанад.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи додгоҳии 21 март на ҳамаи рӯзноманигорон ба толори додгоҳ роҳ дода шуданд, ҳайати украиниро бошад чанд бор аз толор берун карданд.

XS
SM
MD
LG