Ссылки доступа

Додгоҳ барои Савченко ҷазо таъйин мекунад


Додгоҳи шаҳрии Донетски вилояти Ростови Русия имрӯз, тавре интизор меравад, барои низомии украинӣ Надежда Савченко ҷазо таъйин кунад. Савченко дар ҳамдастӣ дар куштори ду хабарнигори рус дар тобистони соли 2014 ва убури ғайриқонунии марзи Русия айбор мешавад.

Пештар ҷониби айбдоркунанда барои Савченко 23 соли зиндон талаб карда буд. Худи Савченко ҳамаи айбҳоро рад мекунад. Ба гуфтаи вакилони дифои вай, Савченко ният надорад аз болои ҳукми додгоҳ шикоят барад. Вай ин ҳукмро эътироф нахоҳад кард ва гуфтааст, агар ба Украина фиристода нашавад, даст ба гуруснагии хушк хоҳад зад.

Дирӯз раиси коллегияи судӣ қисми асосии ҳукмномаро қироат кард. Аз хулосаи айбдорӣ тақрибан ҳамаи нишондоди шоҳидон ва хулосаи ташхис, ки айбдоркунанда омода кардааст, вориди ҳукмнома шудааст.

"Маводи коршиносони ҷониби ҳимоякунанда дар ҳукмнома, ба гуфтаи вакили Савченко Николай Полозов, ҳамагӣ ду саҳифаро дар бар гирифтааст. Аллакай аз рӯи ин рафтори судя маълум аст, ки ҳукм манфӣ хоҳад буд", - иттилоъ медиҳад хабарнигори Радиои Озодӣ.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Москва аз номи Иттиҳоди Аврупо талаб кард, ки низомии украинӣ фавран озод карда шавад. Вакили Парлумони Аврупоӣ Ребекка Хармс додгоҳро бо "ҷараёни шаҳодати замони сталинӣ" баробар донист ва аз Иттиҳоди Аврупо хост, ки бо истифода аз ҳамаи роҳҳои дипломатӣ барои озодии Надежда Савченко талош кунад.

XS
SM
MD
LG