Ссылки доступа

Бишкек баҳси марзӣ бо Тошкандро ба ҷаласаи СПАД мебарад


Бишкек вазъияти ба амал омада дар минтақаи баҳсноки марзи миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистонро ба баррасии Шӯрои доимии Созмони Паймони амнияти дастиҷамъӣ (СПАД) вогузор мекунад. Дар ин бора 22-уми март маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод.

Дар баёнияи хабарии вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфта шудааст, дар ҷаласаи Шӯрои доимии СПАД дар Москва "кишварҳои ширкаткунанда аз ин вазъ огоҳонида мешаванд".

Ёдовар мешавем, ки "дар минтақаи Чала-Сарти ноҳияи Оқсой 18 март соати 07.40 субҳ дар минтақаи муайян нашудаи марзӣ низомиёни ӯзбек ду зиреҳпӯш ё БТР, як мошини боркаш ва даҳҳо низомиро ҷойгир карданд. Сипас барои "назорати вазъият" нерӯҳои изофии марзбонони қирғиз ба ин минтақа фиристода шуданд". Ба онҳо ниҳодҳои дигари қудратии Қирғизистон кумак мекунанд, хабар доданд дар Бишкек.

Ба гуфтаи раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон Раимбердӣ Дуйшенбиев, 20-уми март идораҳои марзбонии Қирғизистон ва Ӯзбекистон созиш карданд, ки теъдоди низомиёнро дар минтақаи баҳсноки марз кам кунанд. Вай афзуд, ҳоло маълум нест, ки ба чӣ сабаб ҷониби Ӯзбекистон дар ин минтақаи баҳсноки марзӣ воҳидҳои низомиии худро ҷобаҷо кардааст. Посухи намояндаи идораи марзбонии Ӯзбекистон ё Тошканди расмӣ то ҳол пахш нашудааст.

XS
SM
MD
LG