Ссылки доступа

Се ҳизб ба парлумони Қазоқистон бармегардад


Ба маҷлиси парлумони Қазоқистон дар натиҷаи интихоботи ғайринавбатӣ се ҳизбе, ки дар ибтидои сол парокандашавии парлумонро пешниҳод карданд, бармегарданд. Парлумони нав ҳамоно аз вакилони ҳизби "Нур Отан", "Ак жол" ва Ҳизби мардумии коммунистӣ иборат хоҳад буд.

Парлумони пешин ҳам аз ҳамин ҳизбҳо иборат буд. Даъвати панҷуми парлумони Қазоқистон дар моҳи январи соли ҷорӣ бо фармони президенти он кишвар Нурсултон Назарбоев пароканда шуд. 20 март дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатӣ баргузор гардид ва ба ҷуз аз се ҳизби номбаршуда, аҳзоби сиёсии "Бирлик", "Ауил" ва Ҳизби умумимиллии сотсиаливу демократӣ (ҲУСД) ширкат карданд. Ин се ҳизби охир натавонистанд садди 7 дарсадиро убур карда, ба парлумон роҳ ёбанд.

Намояндагони ҳизби "Ауил" президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро бо пирӯзии ҳизбаш - "Нур Отан" табрик карданд. Ҳизби "Бирлик" мегӯяд, интихобот бо риояи қонунҳо баргузор гардид.

Ҳизби ягонаи мухолиф дар ин интихобот ҲУСД буд. Матбуот имрӯз изҳороти ин ҳизбро нашр кард, ки дар изҳорот қонуншиканиҳои зиёде зикр шудааст. Нозирони Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА норасоиҳои ҷиддиро дар рафти интихоботи парлумонии Қазоқистон мушоҳида кардааст. Маҳдудшавии ҳуқуқҳои бунёдии сиёсии шаҳрвандон, набуди интихоби сиёсии воқеӣ барои шаҳрвандон, набуди гуногунандешӣ аз камбудиҳои ҷиддии интихоботи Қазоқистон будааст.

XS
SM
MD
LG