Ссылки доступа

Таркиш ва тирандозиҳо дар Брюссел


Хабар дода мешавад, ки дар пайи таркишҳо дар фурудгоҳи Брюссел кушташудагон ҳастанд ва тирпарронӣ сурат гирифтааст.

Дар таркишҳо дар фурудгоҳи Брюссел 10 нафар кушта шудаанд, менависад хабаргузории Рейтер бо истинод ба шабакаи радио ва телевезионии RTBF, ки ин иттилоъро аз бемористони наздиктарине пайдо кардааст, ки ба ба он ҷо қурбониён оварда шуданд. Гуфта мешавад, таркишҳо дар толори парвозҳои фурудгоҳ рух додаанд.

Дар сомонаи шабакаи радио ва телевизионии RTBF дуде намоиш дода мешавад, ки аз бинои толори фурудгоҳи шишаҳояш шикаста берун мешавад.

Хабар дода шудааст, ки таркиш ҳамчунин дар истгоҳи метрои Maelbeek-и Брюссел дар ҳамсоягӣ бо коргоҳҳои Иттиҳоди Аврупо рух додааст.

Фурудгоҳ барои парвози ҳавопаймоҳо баста шудааст. Ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан қатъ ва сабаби таркишҳо ҳанӯз норӯшан аст.

Хабар дода мешавад, ки дар назди толори парвозҳо тирпарронӣ шуда, садои фарёдҳо ба забони арабӣ шунида шудаанд.

Ин таркишҳо баъд аз чаҳор рӯзи боздошти Салоҳ Абдулсалом, гумонбари асосии зиндамонда дар ташкили амалҳои террористии моҳи ноябр дар Париж рух доданд. Дар он ҳамлаҳои террористӣ 130 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG