Ссылки доступа

Савченко 22 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи шаҳрии Донетски вилояти Ростови Русия низомии украинӣ Надежда Савченкоро ба 22 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Додгоҳ ӯро ба ҳамдастӣ дар куштор 2 хабарнигори рус дар тобистони соли 2014 айбдор донист.

Муҳлати адои ҷазо аз рӯзи боздошт, 30 июни соли 2014 ба ҳисоб гирифта мешавад. Барои убури ғайриқонунии марз додгоҳ Савченкоро 30 ҳазор рубли русӣ ҷарима баст.

Дар ҷаласаи додгоҳии 22 март судя далелҳои ҷониби ҳимояро ба инобат нагирифт, хабар медиҳад вакили дифоъ Марк Фейгин.

Пештар Надежда Савченко гуфта буд, ки баъди қироати ҳукм ба гуруснашинии хушк даст мезанад. Ба гуфтаи вакилони дифоаш, вай ҳукми додгоҳро эътироф намекунад ва аз болои ҳукм низ шикоят намебарад.

XS
SM
MD
LG