Ссылки доступа

Ба Ӯш се ҳазор милиса фиристода шуд


Қариб се ҳазор корманди вазорати корҳои дохилӣ дар остонаи баргузории интихоботи мақомоти маҳаллӣ ва гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ ба шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон фиристода шуданд.

Намояндаи раёсати минтақавии милитсия Жениш Аширбоев ба Бахши хабарии Осиёи Марказӣ гуфт, ки ба маъмурони интизомӣ дар майдони марказии шаҳр ду ҳазор ихтиёриён низ ҳамроҳ шуданд.

Ба гуфтаи Аширбоев, ҷобаҷо кардани ин миқдор нерӯ дар Ӯш “иқдоми тарҳрезишуда дар остонаи интихобот” аст, ки бояд 27-уми март баргузор шавад. Пештар мухолифон эълон карда буданд, ки мехоҳанд 24-уми март иқдоми оммавии эътирозӣ баргузор кунанд. 22-уми март қариб ҳафтсад ҷонибдори мухолифон дар шаҳри дигари ҷанубии кишвар Кербен гирдиҳам омада, аз мақомот барои қодир набудан дар ҳалли муноқиша дар минтақаи баҳсноки марзи миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистон интиқод карданд.

XS
SM
MD
LG