Ссылки доступа

Пулиси Белгия омилони ҳамларо меҷӯяд


Мақомоти Белгия тадбирҳои амниятиро тақвият дода, дар тамоми кишвар кофтукобро шурӯъ карданд. Чунин иқдомҳо баъд аз вуқӯи чанд таркиш дар фурудгоҳ ва метрои Брюссел рӯи даст гирифта шуд. Дар ин таркишҳо 34 нафар кушта шуд.

Масъулияти ин амалҳои террористиро гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба зимма гирифт. Сатҳи хатарнокӣ то дараҷаи баландтарин бардошта шуд. Ба пойтахт 225 сарбоз фиристода шудааст. Нахуствазири кишвар Шарл Мишел ин ҳамлаҳоро “бераҳмона ва буздилона” унвон кард.

Хабар дода мешавад, ки беш аз 180 нафар аз ин ҳамлаҳо осеб диданд. Бештаре аз онҳо дар вазъияти вазнин қарор доранд. Пулиси Белгия дар минтақаи Скарбеки Брюссел кофтукобҳое анҷом дод. Гуфта мешавад, ки дар рафти амалиёти махсус маводи тарканда ва парчами ДИ ошкор шудааст.

Расонаҳои Белгия аз дурбинҳои назоратии наворбардор дар фурудгоҳ аксеро мунташир кардаанд, ки дар он се ҷавон бо аробачаҳои борбар дида мешаванд. Тибқи иттилоъ, ду нафар аз онҳо дар анҷоми таркиш гумонбар дониста мешаванд. Ҷустуҷӯи марди севум идома дорад. Сомонаи ДИ хабар додааст, ки ҳамларо “сарбозони хилофат” анҷом додаанд.

(Шакли аслӣ ва “тозаи” видео барои шабакаҳои телевизионӣ: истгоҳи метрои Маалбек, майдони назди коргоҳи Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо баъд аз амали террористӣ:

https://rfeftp.rferl.org/?ShareToken=00A89E417E160F04A1CDC64F412746A61AF497AF )

XS
SM
MD
LG