Ссылки доступа

Пулҳои интиқолии муҳоҷирон камтар мешавад (инфографика)


Бино бар гузориши солонаи Бонки марказии Русия, ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз ин кишвар тақрибан 10 миллиард доллар кам шудааст.

Коҳиши пулҳои мефиристодаи муҳоҷирон тақрибан дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад. Барои мисол, шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2015 аз Русия ба кишвар 1 млрд. 278 млн доллар интиқол додаанд, ки нисбат ба соли 2014 наздики 2.5 млрд камтар аст. Муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистону Қирғизистон низ вазъи беҳтаре надоранд. Барои намуна, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон дар соли 2015 аз Русия 2.4 млрд. доллар фиристодаанд, дар ҳоле, ки як сол пеш онҳо бештар аз 5 млрд доллар фиристода буданд.

Мутахассисон мегӯянд, ин ҳолат дар пайи беқурбшавии рубли русӣ дар баробари асъори ҷаҳонӣ сар задааст. Камшавии интиқоли пули муҳоҷирон якҷо бо беқурбшавии рубли русӣ баъди таҳримҳои Ғарб нисбати Русия падид омад. Ба илова, шумори муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия баъди ҷоришавии тартиботи навӣ муҳоҷират кам шуд, мегӯянд коршиносон.

XS
SM
MD
LG