Ссылки доступа

Дар Брюссел ронандаи таксӣ бомбаи нотаркидаро пайдо кард


Дар фурудгоҳ пулис бо кумаки ронандаи таксӣ як бомбаи нотаркидаро пайдо кард. Ин ронанда ба пулис хабар дод, ки террористонро аз кадом суроға ба фурудгоҳ овардааст.

Пулис суроғаи охирини террористонро ҷустуҷӯ карда, маводи тарканда ва бомбаи нотаркида пайдо кард. Нишондоди ронандаи таксӣ кумак кард, ки пулис як бомбаи нотаркидаи дигарро дар фурудгоҳ пайдо кунад.

Матбуоти Белгия аксҳои ду нафарро нашр кард, ки дар ин террорҳо гумонбар дониста мешаванд. Бино бар иттилои охирин, дар натиҷаи силсилаи таркишҳои 22 март дар фурудгоҳи Завентем ва истгоҳи метрои Маелбеки Брюссел 31 кас кушта, наздики 250 нафар захмӣ шудаанд.

Масъулияти ин таркишҳоро "Давлати исломӣ" ба зима гирифт. Дар Белгия се рӯз мотам эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG