Ссылки доступа

Дар Туркманистон бӯсидани китоби президент анъана мешавад (видео)


Дар телевизиони давлатии Туркманистон навореро намоиш доданд, ки дар он раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов китоби нави худ бо номи “Чой ҳам малҳам ва ҳам илҳом”-ро ҳамчун “тӯҳфаи наврӯзӣ” ба аъзои ҳукуматаш тақдим мекунад.

Ҳар вазире, ки аз дасти президент китоби ӯро мегирад, китобро ба чашму пешонӣ мемолад ва мебӯсад. Маросими тақдими ин китоб 18 март баргузор шудааст.

«Чой ҳам малҳам ва ҳам илҳом» - китоби навбатии президенти кунунии Туркманистон – дар бораи таъриху навъҳои чойи кабуд ва хусусиятҳои шифобахшии он мебошад. Дар фарҳанги мардуми Шарқ маъмулан китобҳои муқаддас, аз ҷумла "Қуръон"-ро ба чашм молидану бӯсидан ҷоиз аст. Тӯҳфаи раисиҷумҳури Туркманистон ба тамоми занону духтарон дар 8 март иборат аз 50 манат, муодили тақрибан 11 доллар буд, ки мақомот дар лифофа ба намояндагони ҷинси латиф тақдим мекарданд.

Бердимуҳаммадов, ки дар соли 2007, дар пайи даргузашти Ниёзов ба қудрат расид, хеле аз намунаҳои парастиши шахси Ниёзовро аз байн бурд. Аммо дар солҳои охир дар Туркманистон парастиши шахси худи Бердимуҳаммадов ҳарчӣ бештар авҷ мегирад. Ба ҷуз аз масоили иқтисодӣ, ӯ муаллифи 5 ҷилд китоб дар бораи растаниҳои шифобахши Туркманистон, як китоби энсиклопедӣ дар бораи асппарварӣ ва таърихи аспи ахалтекин, як китоби илмӣ дар бораи қолинбофӣ буда, 2 шеър ва як повести бадеӣ бо номи “Мурғи бахт” ҳам нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG