Ссылки доступа

Гирдиҳамоии мухолифон дар Ӯш барпо намешавад


Мухолифон аз баргузории гирдиҳамоии пешбинишудаи 24-уми март дар шаҳри Ӯш худдорӣ карданд. Дар ин бора ба бахши қирғизии “Озодӣ” намояндаи ҷунбиши “Эл уну” (“Овози халқ”) Медер Усенов хабар дод. Ба гуфтаи вай, чунин тасмим ба сабаби вазъи ноороми марзии миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистон гирифта шудааст.

Азимбек Бекназаров, яке аз мухолифони сиёсӣ афзуд, овозаҳои иғвои эҳтимолӣ сабаби дигари худдорӣ аз баргузории ин гирдиҳамоӣ шудаанд.

Пештар дар интернет сабти садои сӯҳбатҳои ба ном мухолифоне пайдо шуд, ки дар он нақшаи ғасби ҳокимият баррасӣ мешавад. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баъд аз ташхиси ин сабт воқеӣ будани онро тасдиқ кард.

Намояндагони “Эл уну” зикр карданд, ки дар ҳамоиши 24-уми март мебоист шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон таъсис меёфт.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 18-уми март дар минтақаи баҳсноки марзи миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистон низомиёни ӯзбек ду зиреҳпӯш ва 40 сарбозро ҷобаҷо карданд. Қирғизистон дар ҷавоб ҳамин миқдор низомӣ ва техникаи ҳарбиро гузошт. 21-уми март ҳар ду ҷониб қарор карданд, ки теъдоди низомиён то 8-нафарӣ аз ҳар ду тараф кам кунанд.

XS
SM
MD
LG