Ссылки доступа

Тоҷикистон: Ифтитоҳи калонтарин корхонаи семент


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сементи ООО "Хуаксин Ғаюр-Суғдсемент" дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшид.

Сохтмони корхонаро дар соли 2014 шикарти ватании "Ғаюрсемент" якҷо бо ширкати чинии "Хуаксин-семент" шуруъ карда буд. Ин корхона дар масоҳати 48 га бо арзиши 1 млрд. сомонӣ сохта шудааст.

Тавони тавлиди шабонарӯзии корхона 3300 тонна ва тавони солонааш бештар аз 1 миллион тонна семент ё соруҷ аст. Дар корхона бештар аз 1300 коргар фаъолият хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG