Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон қаторҳои борбар ба ҳам бархурданд


Дар арафаи таҷлили Наврӯз дар истгоҳи қаторҳои шаҳри Ховасти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон қатори боркаш бо қатори ҳомили мошинҳои сабукрав бархурдааст.

Тибқи фарзияи пешакии тафтишот, ронандагони яке аз ин қаторҳоро хоб бурдааст.

"Ронандаи яке аз ин қаторҳо дар бемористон бистарӣ шудааст. Вай ҷароҳати зиёд надорад. Вазъаш муътадил баҳо дода мешавад. Аммо қаторҳо хароб шудаанд", - як манбаъ аз мақомоти қудратии Ӯзбекистон ба Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ дод.

Додситонии нақлиётӣ Ӯзбекистон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

XS
SM
MD
LG