Ссылки доступа

Дар Алмаато ҷашнвораи IV боди-арт баргузор шуд


Дар яке аз марказҳои дилхушии Алмаатои Қазоқистон чаҳорумин ҷашнвораи боди-арт ё наққошӣ дар бадан баргузор шуд. Дар ин ҷашнвора бори аввал рассомони хориҷӣ аз Қирғизистон, Украина ва Фаронса шикарт карданд.

Дар ин ҷашнвора наздик ба 20 рассом ширкат варзида, бо ранги махсуси зудудашаванда бадани 18 нафарро наққошӣ карданд. Мавзуи яке аз ин расмҳо Наврӯз буд, дигарӣ "Афроди сайёраи ғайр дар казино". Ғолибони ин ҷашнвора соҳиби ҷоиза шуданд.

Боди-арт (анг. body art - "санъати бадан") - яке аз шаклҳои санъати пешоҳанг буда, объекти асосиаш бадани инсон аст ва муҳтавои расм бо наққошии рамзҳо бармало мешавад.

XS
SM
MD
LG