Ссылки доступа

Фурудгоҳи Брюссел то чанд рӯзи дигар фаъолият намекунад


Дар Брюссел тадриҷан ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳо ва нақбҳое, ки ба сабаби амалҳои террористӣ муваққатан баста шуданд, дубора шурӯъ мегардад. Сомонаи расмии фурудгоҳи Брюссел хабар дод, ки рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа фурудгоҳ фаъол нахоҳад буд.

Муфаттишони белгиягӣ бар ин назаранд, ки таҷҳизоти тарканда дар толори парвозҳоро шаҳрванди 29-солаи Белгия Браҳим Бакрауӣ фаъол сохтааст. Ба гуфтаи муфаттишон, бародари 27-солаи Браҳим Холид Бакрауӣ дар таркиши истгоҳи метрои "Маалбек" гунаҳкор аст. Дирӯз кофтукоби ҳамтои эҳтимолии бародарон Бакрауӣ идома дошт, ки дар фурудгоҳ борхалтаи дорои маводи таркандаро гузошта, нопадид шудааст. Ин бомба натаркид ва он аз тарафи пулис безарар карда шуд. Дар бораи ширкаткунандаи чаҳоруми амалҳои террористӣ гузориш шуда буд, ки низ "нопадид" шудааст. Масъулияти амалҳои террористӣ дар Брюсселро гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" ба зимма гирифт.

Яке аз террористон, ки худро дар Брюссел 22-уми март тарконид, дар моҳи июни соли 2015 дар ҷануби Туркия, дар марз бо Сурия боздошт шуда буд ва як моҳ пас вай аз ин кишвар ихроҷ карда шуд. Дар ин бора президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон 23-уми март дар нишасти матбуотӣ дар Анкара хабар дод.

Туркия мақомоти Голландия ва Белгияро огаҳ кардаанд, ки сухан аз "ҷангҷӯи террористи хориҷӣ" меравад, аммо ниҳодҳои амниятии Голландия алоқаи гумонбар бо ҷиҳодиёнро тасдиқ накарданд ва ӯ озод гаштааст.

XS
SM
MD
LG