Ссылки доступа

ДИ ҷангиёнро барои ҳамла ба Аврупо омода месозад


Гуруҳи ифротии "Давлати исломӣ" (ДИ) дастикам 400 ҷангиро барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо омода кардааст, менависад хабаргузории Associated Press бо истинод ба манбаъҳо дар ниҳодҳои махсуси кишварҳои аврупоӣ ва Ироқ.

Ба иттилои ин манбаъҳо, террористон дар ӯрдугоҳҳои Ироқ ва Сурия омодагии қавӣ мегиранд. Баъд аз пайдо шуданашон дар Аврупо, онҳо созмонҳои мустақили террористӣ ташкил мекунанд, ки ҳадафи ин созмонҳо анҷоми амалҳои бештари террористӣ аст. Дар ҳоле, ки террористон пештар ба амалҳои калонҳаҷм таваҷҷуҳ мекарданд, ҳоло ба силсилаои амалҳои террористӣ бештар аҳамият медиҳанд.

Муфаттишон бар ин назаранд, ки боздошти ахири ташкилкунандаи амалҳои террористии Порис Салоҳ Абдесалом метавонад мунҷар ба ҳамлаҳо дар Брюссел аз тарафи аъзои созмони террористии таъсисшуда дар Белгия шуда бошад. Ду террористи худкуш - бародарон Иброҳим ва Холид Бакрауӣ, ки зодаи Белгия мебошанд, пештар барои қоидавайронкунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд.

Бозрасони Белгия ҳоло ҷустуҷӯи ҳамтои эҳтимолии террористонро, ки пеш аз таркиш дар толори фурудгоҳи Брюссел якҷо бо онҳо пайдо шуда буд, идома медиҳанд.

Ин гумон вуҷуд дорад, ки вай метавонад амалҳои нави террористиро омода кунад.

XS
SM
MD
LG