Ссылки доступа

Омбудсмен: ислоҳот "беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсонро" ҳадаф дорад


Масъули ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон гуфт, ислоҳот дар ин кишвар "мустақиман беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсонро ҳадаф дорад".

Ба иттилои маркази матбуотии омбудсмени Қазоқистон, ин ҳарфҳоро Аскар Шокиров дар ҷараёни сафари кориаш ба Женева ва мулоқоташ бо раҳбарияти Комиссариати олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) изҳор доштааст.

Дар моҳи гузашта Шокиров хабар дода буд, ки бештаре аз муроҷиати шаҳрвандон дар соли 2015 аз шикоятҳо ба рафтори намояндаҳои ниҳодҳои интизомӣ вобаста буданд.

Дар ҷараёни сафари кории Шокиров ба Женева масъалаҳои таъмини ҳуқуқи инсон, ҳимояи ҳуқуқҳои гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешгирӣ аз муомилаи дурушт ва назорати вазъ дар зиндонҳо, иҷрои машваратҳои ниҳодҳои СММ ва ҳамчунин ҳамгироӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шудааст.

Омбудсмен ҳамчунин дар ҳамоиши солонаи 29-уми Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии муассисаҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон ширкат кард.

XS
SM
MD
LG