Ссылки доступа

Боздошти ду сиёсатмадори мухолиф дар Қирғизистон 


Ба гуфтаи Замира Сиддиқова, сардабири нашрияи маҳаллии “Республика”, кормандони кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) ду сиёсатмадори мухолиф – Бектур Асанов ва Кубаничбек Қодировро боздошт кардаанд.

Ба иттилои вай, раҳбари ҳизби “Егемен” Асанов ва раиси ҳизби “Чиндиқ” Қодиров дар коргоҳи рӯзнома қарор доштанд. Ба ин ҷо чанд нафар омада, худро корманди КДАМ муаррифӣ карданд ва сиёсатмадорҳои мухолифро бо худ бурданд.

Хадамоти матбуотии КДАМ мегӯяд, боздоштшудагон дар таҳияи “амалҳо барои ташаннуҷи вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ дар кишвар ва сипас иҷрои нақшаи сӯиқасд ва ғасби ғайриқонунии ҳокимият” гумонбар дониста мешаванд. Чунин айбҳо нисбати бархе аз мухолифони қирғиз баъди дар интернет нашр шудани сабти садоие, ки дар он ҳамсӯҳбатон дар бораи тағйири ҳокимият ҳарф мезананд, эълон мешавад.

XS
SM
MD
LG