Додгоҳи Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Русия тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" пайвастааст, зиндонӣ кард.
Сухангӯи додситонии шаҳрӣ Екатерина Беспалова хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон ҷустуҷӯи байналхалқии Давронҷон Давлатовро эълон карда буданд. Дар ҳоли ҳозир истирдоди вай ба кишвар баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи Беспалова, Давлатов 14 март боздошт шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати боздоштшуда тафтиши ҷиноятӣ анҷом намедиҳанд.
"Муайян шуд, ки Давлатов дар ҳудуди Русия ба сар бурда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи созмони мамнуи "Давлати исломӣ" пайвастааст. Вай дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои дорои хусусияти тундгароиро гузоштааст", - хабар медиҳад Беспалова.