Ссылки доступа

Сафири Украина: Савченко қурбони режими худкомаи Русия шуд


Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк ҳукми додгоҳ дар нисбати сарбози украинӣ Надежда Савченкоро ноодилона унвон карда, ӯро “қурбонии режими худкомаи Русия” номид.

Дар баёнияи расмии сафири Украина дар Тоҷикистон, ки 25-уми март пахш шуд, Виктор Никитюк Русияро ба нақзи дурушти созишномаи Минск ва намоишкорона нодида гирифтани мароҷиатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ айбдор кард.

Ба гуфтаи сафир, парвандаи Савченко нишон дод, ки дар Русия додгоҳи одил вуҷуд надорад ва ин сарбоз гаравгони сиёсатҳои ин кишвар шудааст. Сафир ҳамчунин баён дошт, ки Киев омода аст дар ивази Савченко ду низомии дар Украина боздоштшудаи русро баргардонад.

Додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростови Русия 22-уми март сарбози украин Надежда Савченкоро ба 22 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Вай ба ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори рус дар наздикии Луганск дар тобистони соли 2014 айбдор дониста шуд.

XS
SM
MD
LG