Ссылки доступа

ВКД Қазоқистон аҳолиро ба супоридани аслиҳа даъват мекунад


Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ба соҳибони аслиҳа пешниҳод мекунад, ки онро ба пулис супоранд.

ВКД аҳолиро ҳушдор медиҳад, ки аз аввали соли ҷорӣ ислоҳҳо ба қонунгузорӣ дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои харидории ғайриқонунии аслиҳа, ба нафари дигар додани он, фурӯш ва нигаҳдорӣ, интиқол ё бо худ доштани аслиҳа мавриди иҷро дароварда шуданд. Пулис шарҳ медиҳад, нафароне, ки ихтиёран аслиҳа ва тирҳои онро месупоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳанд шуд.

ВКД ҳамчунин хабар медиҳад, дар соли гузашта ниҳодҳои корҳои дохилӣ ба маблағи 2,3 миллиард танга (тибқи қурби ҳозира қариб 6,5 миллион доллар) аслиҳаро аз мардум харидорӣ кардаанд. Ба иттилои вазорат, дар маҷмӯъ шаҳрвандони Қазоқистон беш аз 46 ҳазор аслиҳаро ихтиёрӣ супоридаанд.

XS
SM
MD
LG